Чашм, ки бар ту мекунам, чашми ҳасуд меканам

410

Чашм, ки бар ту мекунам, чашми ҳасуд меканам,
Шукри Худо, ки боз шуд дидаи бахт равшанам.

Ҳаргизам ин гумон набуд бо ту, ки дӯстӣ кунам,
Боварам ин намешавад бо ту нишаста, к-ин манам.

Домани хайма барфикан душману дӯст, гӯ, бибин,
К-ин ҳама лутф мекунад дӯст ба рағми душманам.

Олими шаҳр, гӯ, маро ваъз магӯ, ки нашнавам,
Пири маҳалла, гӯ, маро тавба мадеҳ, ки бишканам.

Гар бизанӣ ба ханҷарам, к-аз паи ӯ дигар марав,
Наъраи шавқ мезанам, то рамақест дар танам.

Ин на насиҳате бувад, к-аз ғами дӯст тавба кун,
Сахт сияҳдилӣ бувад, он ки зи дӯст барканам.

Гар ҳама умр бишканам аҳди ту, пас, дуруст шуд,
К-ин ҳама зикри дӯстӣ лофи дурӯғ мезанам.

Пешам аз ин саломате буду дилею донише,
Ишқи ту оташе бизад, пок бисӯхт хирманам.

Шаҳре агар ба қасди ман ҷамъ шаванду муттафиқ,
Бо ҳама теғ баркашам, в-аз ту сипар бияфканам.

Чанд фишонӣ остин бар ману рӯзгори ман?
Даст раҳо намекунад, меҳр гирифта доманам.

Гар ба муроди ман равӣ, в-ар наравӣ, ту ҳокимӣ,
Ман ба хилофи ройи ту гар нафасе занам, занам!

Ин ҳама неш мехурад Саъдию пеш меравад,
Хун биравад дар ин миён, гӯ, ту туию ман манам.