Чораи ишқи ту сабр аст, надонам, чӣ кунам?

Чораи ишқи ту сабр аст, надонам, чӣ кунам?
Гар тавонам бикунам в-ар натавонам, чӣ кунам?

Кори ман бе рухи ту ғайри шикебоӣ нест,
Гар маозаллаҳ1, аз ин кор бимонам, чӣ кунам?

Ишқ муставлию аз ман ту чунин мустағнӣ,
Қиссаи мушкили худ пеши кӣ хонам, чӣ кунам?

Чанд гӯйӣ, ки маро ном мабар пеши касон,
Ғайри номи ту наёяд ба забонам, чӣ кунам?

Бе ту дил хун буваду дидаи пурхун гирён,
Агар аз дидаву дил хун нафишонам, чӣ кунам?

Шуд пур аз хун дили ман ғунчасифат бе рухи ту,
Ҷома бар хеш чу гул гар надаронам, чӣ кунам?

Гуфтиам, мурдагии худ маталаб, Ҷомӣ, беш,
Бе ту аз зиндагии хеш ба ҷонам, чӣ кунам?!


1 Маозаллаҳ – Худо нигаҳ дорад.