Чун бидидам субҳи рӯят, дарзамон бархестам

583

Чун бидидам субҳи рӯят, дарзамон бархестам,
Гарм дар кор омадам, мавқуфи мутриб нестам!

Ҳамчу соя дар тавофам гирди нури офтоб,
Гаҳ суҷудаш мекунам, гоҳе ба сар меистам!

Гаҳ дарозам, гоҳ кӯтаҳ ҳамчу соя пеши нур,
Ҷумла Фиръавнам, чу ҳастам, чун наям, Мӯсистам!

Ман миёни исбаъайни ҳукми Ҳаққам чун қалам,
Дар кафи Мӯсо асо гоҳеву гаҳ афъистам!

Ишқро андеша набвад, з-он ки андеша асост,
Ақлҳо бошад асо, яъне ки ман аъмистам!

Рӯҳи мавқуфи ишорат мебинолад ҳар даме,
Бар сари раҳ мунтазир мавқуфи як ористам!

Чун аз ин ҷо нестам, ин ҷо ғарибам ман, ғариб,
Чун дар ин ҷо беқарорам, охир аз ҷойестам?!