Шермардо, ту чи тарсӣ зи саги лоғарашон?!

727

Шермардо, ту чи тарсӣ зи саги лоғарашон?!
Баркаш он теғи чу пӯлоду бизан бар сарашон!

Чун малак сохта худро ба пару боли дурӯғ,
Ҳама деванд, ки иблис бувад миҳтарашон!

Ҳама қалбанду сияҳ, чун бизанӣ бар сари санг,
Ҳин, чаро ғарра шудастӣ ту ба симу зарашон?!