Шоҳи мо боре барои коҳилон

728

Шоҳи мо боре барои коҳилон
Ганҷ мебахшад ба ҳар дам ройгон!

Ассало, ёрон, ба сӯйи тахти шоҳ,
Ганҷи беранҷ асту суди безиён!

Чашми дил донад, чи дид аз куҳли ӯ:
Нури раҳмат то ба ҳафтум осмон!

Худ чи бошад пеши ӯ ҳафт осмон?!
Бар мисоли ҳафт поя нардбон!

Ай ба сурат хурдтар аз заррае,
В-ай ба маънӣ ту ҷаҳон андар ҷаҳон!

Ай хамида чун камон аз ғам, бибин,
Сад ҳазорон саф шикаста з-ин камон!

Дар нишонҷӯйӣ ту гашта чорчашм,
В-он гаҳ андар кунҷи чашмат сад нишон!

Ҳар нишоне чун рақиби некхоҳ
Мебарандат то ба ҳазрат каш-кашон!