Май бидиҳ, ай соқии охирзамон

729

Май бидиҳ, ай соқии охирзамон,
Ай рабуда ақлҳои мардумон!

Хокиён з-ин бода бар гардун заданд,
Ай майи ту нардбони осмон!

Бишкан аз бода дари зиндони ғам,
Вораҳон ҷонро зи зиндони ғамон!

Тан ба сони ресмон бигдохта,
Ҷон муъаллақ мезанад бар ресмон!

Турк соқӣ гашт, дар диҳ кас намонд,
Гург монду гӯсфанду туркмон!

Чун расид ин ҷо гумонам, маст шуд,
Дил гирифта хуш бағалҳои гумон!