Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун

730

Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун
В-ончи андар фаҳм н-ояд, фаҳм кун!

Дар дили чун санги мардум оташест,
К-ӯ бисӯзад пардаро аз беху бунҷ

Чун бисӯзад парда, дарёбад тамом
Қиссаҳои Хизру илми манладун!

Дар миёни ҷону дил пайдо шавад
Сурати нав-нав аз он ишқи куҳун!

Чун бихонӣ ваззуҳо, хуршед бин,
Кони зар бин, чун бихонӣ ламякун!