Ҷони ҷонҳойӣ ту, ҷонро баршикан!

731

Ҷони ҷонҳойӣ ту, ҷонро баршикан!
Кас туйӣ, дигар касонро баршикан!

Гавҳари боқӣ, даро дар дидаҳо,
Санг бистон, боқиёнро баршикан!

З-осмони Ҳақ битоб, ай офтоб,
Ахтарони осмонро баршикан!

Ғайбдон кун синаҳои халқро,
Синаҳои ғайбдонро баршикан!

Бонишон аз бенишон парда шуда,
Бенишони ҳар нишонро баршикан!

Рӯзи мутлақ кун шаби торикро,
Борномай посбонро баршикан!

Шамси Табрез! Офтобӣ, офтоб,
Шамъи ҷону шамъдонро баршикан!