Эй аз биҳишт ҷузвею аз раҳмат ояте

531

Эй аз биҳишт ҷузвею аз раҳмат ояте,
Ҳақро ба рӯзгори ту бо мо инояте.

Гуфтам, ниҳояте бувад ин дарди ишқро,
Ҳар бомдод мекунад аз нав бидояте.

Маъруф шуд ҳикоятам андар ҷаҳону нест
Бо ту маҷоли он, ки бигӯям ҳикояте.

Чандон ки бе ту ғояти имкони сабр буд,
Кардему ишқро на падид аст ғояте.

Фармони ишқу ақл ба як ҷой нашнаванд,
Ғавғо бувад ду подшаҳ андар вилояте.

З-абнои рӯзгор ба хубӣ мумайязӣ1,
Чун дар миёни лашкари мансур рояте2.

Айбат намекунам, ки Худованди имру наҳй
Шояд, ки бандае бикушад бе ҷинояте.

З-он гаҳ, ки ишқ дасти татовул дароз кард,
Маълум шуд, ки ишқ надорад кифояте.

Ман дар паноҳи лутфи ту хоҳам гурехтан,
Фардо ки ҳар касе равад андар ҳимояте.

Дармондаам, ки аз ту шикоят куҷо барам,
Ҳам бо ту, гар зи дасти ту дорам шикояте.

Саъдӣ, ниҳуфта чанд бимонад ҳадиси ишқ?
Ин реши андарун бикунад ҳам сирояте.


1 Фарқкунанда, мумтоз.
2 Дирафш, парчам.