Эй ки маҳҷурии ушшоқ раво медорӣ

449

Эй ки маҳҷурии ушшоқ раво медорӣ,
Ошиқонро зи бари хеш ҷудо медорӣ.

Ташнаи бодияро ҳам ба зулоле дарёб,
Ба умеде, ки дар ин раҳ ба Худо медорӣ.

Дил бибурдию биҳил кардамат, эй ҷон, лекин
Беҳ аз ин дор нигоҳаш, ки маро медорӣ,

Соғари мо, ки ҳарифони дигар менӯшанд,
Мо таҳаммул накунем, ар ту раво медорӣ.

Эй магас, ҳазрати Симурғ на ҷавлонгаҳи туст,
Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ.

Ту ба тақсири худ афтодӣ аз ин дар маҳрум,
Аз кӣ менолию фарёд чаро медорӣ?

Ҳофиз, аз подшаҳон поя ба хидмат талабанд,
Саъй нокарда чӣ уммеди ато медорӣ?