Эй тароват бурда аз фирдавси аъло рӯи ту

485

Эй тароват бурда аз фирдавси аъло рӯи ту,
Нодир аст андар нигористони дунё рӯи ту.

Духтарони Мисрро косид1 шавад бозори ҳусн,
Гар чу Юсуф парда бардорад ба даъво рӯи ту.

Гарчи аз ангушти Монӣ барнаёяд чун ту нақш,
Ҳар дам ангуште ниҳад бар нақши Монӣ рӯи ту.

Аз гулу моҳу парӣ дар чашми ман зеботарӣ,
Гул зи ман дил бурд ё маҳ, ё парӣ? Не, рӯи ту.

Моҳу Парвин аз хиҷолат рух фурӯ пӯшанд агар,
Офтобосо кунад дар шаб таҷаллӣ рӯи ту.

Мардуми чашмаш бидаррад пардаи аъмо2 зи шавқ,
Гар дарояд дар хаёли чашми аъмо рӯи ту.

Рӯи ҳар соҳибҷамолеро ба маҳ хондан хатост,
Гар рухеро моҳ бояд хонд боре, рӯи ту.

Расми тақво мениҳад дар ишқбозӣ рои ман,
Кӯси ғорат мезанад дар мулки тақво рӯи ту.

Чун ба ҳар ваҷҳе бихоҳад рафт ҷон аз дасти мо,
Хубтар ваҷҳе бибояд ҷустан, авло рӯи ту.

Чашмам аз зорӣ чу Фарҳод асту Ширин лаъли ту,
Ақлам аз шӯриш чу Маҷнун асту Лайло рӯи ту.

Мулки зебоӣ мусаллам гашт фармони туро,
То чунин хатте музаввар кард иншо рӯи ту.

Доштанд асҳоби хилват ҳарфҳо бар ман зи бад,
То таҷаллӣ кард дар бозори тақво рӯи ту.

Хурда бар Саъдӣ магир, эй ҷон, ки коре хурд нест
Сӯхтан дар ишқу он гаҳ сохтан бе рӯи ту.


1 Беравнақ, афтода.
2 Кӯр.