Ҳар касеро ҳавасе дар сару коре дар пеш

340

Ҳар касеро ҳавасе дар сару коре дар пеш,
Мани бекор гирифтори ҳавои дили хеш.

Ҳаргиз андеша накардам, ки ту бо ман бошӣ,
Чун ба даст омадӣ, эй луқмаи аз ҳавсала беш?

Ин туӣ бо ману ғавғои рақибон аз пас,
В-ин манам бо ту гирифта раҳи саҳро дар пеш.

Ҳамчунон доғи ҷудоӣ ҷигарам месӯзад,
Магарам дасти чу марҳам биниҳӣ бар дили реш.

Бовар аз бахт надорам, ки ту меҳмони манӣ,
Хаймаи подшаҳ, он гоҳ фазои дарвеш?!

Захми шамшери ғаматро наниҳам марҳами кас,
Ташти зарринаму пайванд нагирам ба сиреш.

Ошиқонро натавон гуфт, ки боз ой аз меҳр,
Кофиронро натавон гуфт, ки баргард аз кеш.

Манам имрӯзу туву мутрибу соқию ҳасуд,
Хештан, гӯ, ба дари ҳуҷра биёвез чу хиш1.

Ман худ аз кайди адӯ бок надорам, лекин
Каждум аз хубси табиат бизанад санг ба неш.

Ту ба ороми дили хеш расидӣ, Саъдӣ,
Май хуру ғам махур аз шунъати2 бегонаву хеш.

Эй ки гуфтӣ, ба ҳаво дил маниҳу меҳр мабанд,
Ман чунинам, ту бирав, маслиҳати хеш андеш!


1 Пардае аз ҷинси катон, ки дар хона меовехтанд.
2 Сарзаниш.