Ҳар кӣ гардан ба даъвӣ афрозад

Ҳар кӣ гардан ба даъвӣ афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.

Саъдӣ афтодаест озода,
Кас наёяд ба ҷанги афтода.

Аввал андеша, в-он гаҳе гуфтор,
Пойбаст омадаст пас девор.

Ҳар касе, ки бо даъвое (густохона дар нисбати бузургон) сар баланд намояд (ва худнамоӣ кунад, дар ниҳоят) худашро сарнагун созад ва сари худро ба хок андозад.

Аммо Саъдӣ марди хоксор ва озодаест (ва ҳаргиз чунин даъво ва чунин манманиҳоро ба худ раво намедорад) ва аз ин рӯ, касе бо вай ихтилофу ситеза намекунад, зеро инсони хоксору фурӯтан ва озод (ва раҳошуда аз банди нафс) бо касе душманӣ надорад.

Инсон бояд аввал андеша кунад (ки чӣ мегӯяд) ва баъд аз он сухан бигӯяд, зеро (андеша бунёду пойдевори сухан аст ва) табиист, ки аввал пойдевор сохта мешавад ва пас аз он (рӯи он пойдевор) девор бунёд мегардад.

(Ва яке аз сабабҳои он, ки Саъдӣ бо касе даъво ва душманӣ надорад ва ҳамагон сухани ӯро мепазиранд, маҳз дар он аст, ки ӯ ҳамин равиши суханро риоят кардааст, яъне аввал андеша намуда, баъд сухан гуфтааст. Аз ин рӯ, суханони ӯ санҷида ва пурҳикматанд.)