Ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони ман

762

Ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони ман,
Они манӣ, они манӣ, они ман!

Шоҳи манӣ, лойиқи савдои ман,
Қанди манӣ, лойиқи дандони ман!

Нури манӣ, бош дар ин чашми ман,
Чашми ману чашмаи ҳайвони ман!

Гул чу туро дид, ба савсан бигуфт:
«Сарви ман омад ба гулистони ман!».

Аз ду пароканда ту чунӣ, бигӯ?!
Зулфи туву ҳоли парешони ман?!

Ай расани зулфи ту побанди ман,
Чоҳи занахдони ту зиндони ман!

Дастфишон маст куҷо меравӣ?!
Пеши ман о, ай гули хандони ман!