Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо

4

Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо,
Моро чу тобистон бибар дилгарм то бустони мо!

Ай чашми ҷонро тӯтиё, охир куҷо рафтӣ?! Биё,
То оби раҳмат барзанад аз саҳни оташдони мо!

То сабза гардад шӯраҳо, то равза гардад гӯраҳо,
Ангур гардад ғӯраҳо, то пухта гардад хоми мо!

Ай офтоби ҷону дил, ай офтоб аз ту хиҷил,
Охир, бибин, к-ин обу гил чун баст гирди ҷони мо!

Шуд хорҳо гулзорҳо аз ишқи рӯят борҳо,
То сад ҳазор иқрорҳо афканд дар имони мо!

Ай сурати ишқи абад, хуш рӯ намудӣ дар ҷасад,
То раҳ барӣ сӯйи аҳад ҷонро аз ин зиндони мо!

Дар дуди ғам бикшо тараб, рӯзе намо аз айни шаб,
Рӯзе ғарибу булъаҷаб, ай субҳи нурафшони мо!

Гавҳар кунӣ хармуҳраро, заҳра бидаррӣ Зуҳраро,
Султон кунӣ бебаҳраро, шо бош, ай султони мо!

Ку дидаҳо дарх(в)арди ту, то даррасад дар гарди ту,
Ку гӯши ҳушоварди ту, то бишнавад бурҳони мо?!

Чун дил шавад иҳсоншумар дар шукри он шохи шакар,
Наъра барорад чошнӣ аз бехи ҳар дандони мо!

Омад зи ҷон бонги дуҳул, то ҷузвҳо ояд ба кул,
Райҳон ба райҳон, гул ба гул аз ҳабси хористони мо!