Ба ёракони сафо ҷуз майи сафо мадиҳед

325

Ба ёракони сафо ҷуз майи сафо мадиҳед,
Чу май диҳед бад-эшон, ҷудо-ҷудо мадиҳед!

Дар инчунин қадаҳ омехтан ҳаром бувад,
Ба ошиқони Худо ҷуз майи Худо мадиҳед!

Бараҳнагони раҳ, аз офтоб ҷома кунед,
Бараҳнагони раҳи ишқро қабо мадиҳед!

Ба бӯйи васл агар ошиқе қарор гирифт,
Баҳонаро напазирам, баҳонаҳо мадиҳед!

Шароб ҳозиру маъшуқ масту ман ошиқ,
Маро қарор набошад, ба бӯ, маро мадиҳед!

Шароб оташу мо зодаем аз оташ,
Агар ҳариф шиносед, ҷуз ба мо мадиҳед!

Чу тоҷи мафхари Табрез Шамси дин омад,
Лиқойи ҳар ду ҷаҳон ҷуз бад-он лиқо мадиҳед!