Бодо муборак дар ҷаҳон суру арӯсиҳои мо

6

Бодо муборак дар ҷаҳон суру арӯсиҳои мо,
Суру арӯсиро Худо борид бар болои мо!

Зуҳра қарин шуд бо Қамар, тӯтӣ қарин шуд бо шакар,
Ҳар шаб арӯсие дигар аз шоҳи хушсимои мо!

Инн алқулуба фарриҷат, инн аннуфуса заввиҷат,
Инн алҳумума ухраҷат дар давлати мавлои мо.

Бисмиллаҳ имшаб бар навӣ сӯйи арӯсе меравӣ,
Домоди хубон мешавӣ, ай хуби шаҳророи мо!

Хуш меравӣ дар кӯйи мо, хуш мехиромӣ сӯйи мо,
Хуш меҷаҳӣ дар ҷӯйи мо, ай ҷӯйу ай ҷӯёи мо!

Хуш меравӣ бар ройи мо, хуш мекушойӣ пойи мо,
Хуш мебурӣ кафҳои мо, ай Юсуфи зебои мо!

Аз ту ҷафо кардан раво, аз мо вафо ҷустан хато,
Пойи тасарруфро биниҳ бар ҷони хунполои мо!

Ай ҷони ҷон, ҷонро бикаш то ҳазрати ҷонони мо
В-ин устухонро ҳам бикаш ҳадя бари Анқои мо!

Рақсе кунед, ай орифон, чархе занед, ай мунсифон,
Дар давлати шоҳи ҷаҳон, он шоҳи ҷонафзои мо!

Дар гардан афканда дуҳул дар гирдаки насрину гул,
К-имшаб бувад даффу дуҳул некӯтарин колои мо!

Хомӯш, к-имшаб Зуҳра шуд соқиву паймона ва муд1,
Бигрифта соғар мекашад Ҳаурои мо, Ҳумрои мо!

Валлаҳ, ки ин дам сӯфиён бастанд аз шодӣ миён
Дар ғайб пеши ғайбдон аз шавқи истисқои мо!

Қавме чу дарё кафзанон, чун мавҷҳо саҷдакунон,
Қавме мубориз чун синон, чун хор, чун аҷзои мо!

Хомӯш, к-имшаб матбахӣ шоҳ аст аз фаррухрухӣ,
Ин нодира, ки мепазад ҳалвои мо, ҳалвои мо!


1 Зарфи паймонагӣ.