Чунон к-ин дил аз он дилдор маст аст

103

Чунон к-ин дил аз он дилдор маст аст,
Зи хуни софи мо он ёр маст аст!

Хумораш нашканам илло ба хунам,
Аз ин шодӣ дили ғамхор маст аст!

Шафақворам ба ҳар субҳе ба хун-дар,
Ки дар ҳар субҳ он хунхор маст аст!

Мадиҳ панду мабар хунам ба гардан,
Ки чашми дилбари киндор маст аст!

Чаро ин хол ҳамчун ташти хун аст,
Ки чашми соқии асрор маст аст?!