Шарҳи ғазал: «Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст»

Ғазали шонздаҳум

1. Биё1, ки қасри амал2 сахт3 сустбунёд4 аст,
Биёр бода, ки бунёди умр5 бар бод6 аст.

2. Ғуломи ҳиммати7 онам, ки зери чархи кабуд8
Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ9 пазирад10, озод аст.

3. Чӣ гӯямат, ки ба майхона11 дӯш масту хароб12
Суруши13 олами ғайбам14 чӣ муждаҳо додаст,

4. Ки «Эй баландназар15, шоҳбози16 сидранишин17,
Нишемани18 ту на ин кунҷи меҳнатобод19 аст».

5. Туро зи кунгураи20 арш21 мезананд сафир22,
Надонамат, ки дар ин домгаҳ23 чӣ уфтодаст?

6. Насиҳате кунамат, ёд гиру дар амал ор,
Ки ин ҳадис24 зи пири тариқатам25 ёд аст.

7. Ғами ҷаҳон махӯру панди ман мабар аз ёд,
Ки ин латифаи26 ишқам зи раҳраве27 ёд аст.

8. Ризо28 ба дода29 бидеҳ в-аз ҷабин30 гиреҳ бикшой31,
Ки бар ману ту дари ихтиёр32 накшодаст.

9. Маҷӯ дурустии аҳд33 аз ҷаҳони сустниҳод34,
Ки ин аҷуз35 арӯси ҳазор домод36 аст.

10. Нишони37 аҳду вафо38 нест дар табассуми гул39,
Бинол40, булбули бедил41, ки ҷойи фарёд аст.

11. Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм42, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру43 лутфи сухан44 худодод45 аст.

Вазн: Баҳри мучтази мусаммани махбуни аслами мусаббағ.

Қофия: сустбунёд, бод, озод…

Радиф: аст.

Луғат:

1. Биё: ин калима дар шеъри Ҳофиз ба чанд маънӣ ба кор рафтааст: бидон ва огоҳ бош, бибин, бипазир, биё, то бо ту бигӯям, биёву ба ман гӯш кун.

2. Қасри амал: кохи орзу, орзуҳои зиёд ба кохи баланд ташбеҳ шудааст.

3. Сахт: ин ҷо ба маънии бисёр, хеле ба кор рафтааст

4. Сустбунёд: ноустувор, асосу бунёдаш суст аст

5. Бунёд: асос.

6. Бар бод будан: ноустувору фонишаванда будан, бунёди умр бар бод будан иҳом дорад: а) умр ё худ зиндагии инсон нопойдор ва фаношаванда аст; б) асоси умр бар нафас кашидан аст ва он ҳам мисли бод аст, ки метавонад ҳар лаҳза қатъ гардад.

7. Ҳиммат: дар луғат ба маънии баландназарӣ, дар назди орифон қасду кӯшиши дил аст барои ҳосили камол, таваҷҷуҳи ботинӣ, натиҷаи кӯшиш барои даст ёфтан ба чизе аст.

8. Чархи кабуд: истиора аз осмони обӣ.

9. Тааллуқ: вобастагӣ, дилбастагӣ ба касе ё чизе.

10. Пазирад: қабул кунад.

11. Майхона: дар адабиёти ирфонӣ ботини орифи комил аст, ки дар он шавқу завқ ва маорифи илоҳӣ бисёр бошад.

12. Масту хароб: масти лояқил, мастӣ аз шароби ишқ.

13. Суруш: фариштаи паёмовар, Ҷабраил, ҳотифе, ки ба гӯши дили озодагон-орифони вораста сухан мегӯяд.

14. Олами ғайб: олами малакут, оламе, ки инсон наметавонад онро бинад ва танҳо Худо аз он огоҳ аст.

15. Баландназар: баландҳиммат, оне, ки мақом дорад

16. Шоҳбоз: парандаи баландпарвоз, бози сафеду бузург, истиора аз рӯҳи поки инсон.

17. Сидранишин: дарахте аст дар марзи ин ҷаҳон ва боргоҳи илоҳӣ, паёмбари ислом ҳангоми меъроҷ ҳамроҳи Ҷабраил то пояи он рафт, Ҷабраил дигар боло рафта наметавонист ва танҳо паёмбар ба ҳазрати Ҳақ роҳ ёфт, киноя аз мақоми баланд доштани инсон дар назди Парвардгор.

18. Нишеман: макони нишастан, ошёна.

19. Меҳнатобод: киноя аз дунё.

20. Кунгура: дандонаҳои боло девори қаср, маҷозан нуқтаи болои ҳар бино.

21. Арш: осмон, тахтгоҳи Парвардгор аст, ки мафҳуми моддӣ надорад, аз кунгураи арш, яъне, аз фарози осмонҳо.

22. Сафир: тақлиди садои паранда, садо задан, фаро хондан, талаб кардан

23. Домгаҳ: истиора аз дунё.

24. Ҳадис: сухан, сухани ҳикматдор.

25. Пири тариқат: муршид, пешвои соликон дар сайру сулук.

26. Латифа: нуктаи борик ва зариф, ҳар сухани тоза ва бадеъ, ки ба зеҳн меояд, аммо дар баён намегунҷад, латифаи ишқ: суханони зариф, ки танҳо ошиқони вораста аз тааллуқот мефаҳманд.

27. Раҳрав: солик, оне, ки аз худ ба сӯйи Худо меравад, ин ҷо мурод аз солик орифи ба Ҳақ расида аст.

28. Ризо: хушнудӣ, дар истилоҳи орифон ин аст, ки инсон аз он, ки ба ӯ насиба шудааст, гила надораду розӣ аст.

29. Дода: рӯзию қисмат, ки Худованд додаст.

30. Ҷабин: пешонӣ.

31. Гиреҳ бикшодан: киноя аз хушнуд будан, рӯй туруш накардан.

32. Ихтиёр: муқобили он ҷабр аст, аз истилоҳоти пурбаҳси калому фалсафа аст, ба ин маънӣ, ки амали инсон иҷрои ирода ва хости худаш аст.

33. Дурустии аҳд: аҳду паймони муҳкаму устувор.

34. Ҷаҳони сустниҳод: дунёи ноустувор ва бепоя.

35. Аҷуз: зани пири солхӯрда, киноя аз дунё.

36. Арӯси ҳазор домод: киноя аз дунё, ки монанди зани бевафост.

37. Нишон: асар.

38. Аҳду вафо: паймону дӯстӣ.

39. Табассуми гул: шукуфтани гул, киноя аз дилхушиҳои ин дунё, ки нопойдор аст.

40. Бинол: нола кун.

41. Бедил: ошиқ.

42. Сустназм: шоире, ки шеъраш суст аст.

43. Қабули хотир: писанд ва мақбул аҳли дил.

44. Лутфи сухан: балоғату фасоҳат ва зебоию зарофати шеър.

45. Худодод: иҳом дорад: а) истеъдоде, ки Худо додаст; б) истеъдоди фитрӣ, ки дар ниҳоди ҳар инсон қарор дорад.

Маънии байти 1: Бидону огоҳ бош, ки орзуҳои зиёди инсон монанди қасрест, ки таҳкурсиаш сусту ноустувор аст ва рӯзе нобуд мешавад ва умри инсон низ такя бар боди нестӣ дораду ногаҳон ба поён мерасад. Аз ин рӯ, ҳар лаҳзаи умрро ғанимат дону бо самар истифода бар.

Маънии байти 2: Ман касеро эътироф дораму ситоиш мекунам, ки дар зери ин осмони обиранг зиндагӣ мекунаду ҳеч дилбастагию дилкашолӣ ба нозу неъмати дунявӣ надорад ва аз ҳама гуна вобастагӣ озод аст.

Маънии байти 3: Намедонам, ба ту, эй инсон, чӣ тавр баён кунам, ки шаби гузашта дар майхонаи ишқ, ки мадҳуш аз шароби маърифат будам, Суруши олами ғайб ба гӯши дили ман чи пайғомҳо додаст:

Маънии байти 4: (Муждаи Суруши олами ғайб): Эй азизи даргоҳи Худованд, эй шаҳбозе, ки ҷойгоҳи ту бар шохаҳои дарахти боргоҳи илоҳист, ин дунёи моддию хокӣ ҷойи ту нест.

Маънии байти 5: (Идома пайғоми Суруш): Туро, эй инсон, аз арш садо мекунанд, ту азизи олами малакутӣ! Намедонам, чӣ чизе туро дар ин дунё пойбанд кардааст. Яъне, бояд аз доми ин дунё раҳо шавӣ. Ё ба таъбири худи Ҳофиз, «вақти он аст, ки падруд кунӣ зиндонро».

Маънии байти 6: Насиҳате аз пири тариқатам шунидаам, ба ту мегӯям, дар ёд дору ба он амал кун:

Маънии байти 7: (Панди Ҳофиз, ки аз пири тариқаташ ба ёд мондааст): Ғами дунёро махӯру (яъне, пойбанди нозу неъматҳои дунё мабошу умратро барои ҷамъоварии пулу мол сарф макун) насиҳати маро фаромӯш макун, ки ин насиҳат аз солики ба Ҳақ расида дар хотирам мондааст:

Маънии байти 8: Ба он чизе, ки Худо ба ту додаст, ризо бошу аз қисмат гила макун ва ғам махӯр, ки насибаи ману ту дар дасти Худованд аст ва Ӯ беҳтар аз ҳама салоҳи кори бандагони худро медонад.

Маънии байти 9: Аз ин ҷаҳони бебунёд ва фонишаванда аҳду паймон интизор машав, зеро ин дунё монанди аҷузаест, ки сари ҳазорон домодро хӯрдаасту сари туро ҳам мехӯрад.

Маънии байти 10: Ин зебу зинатҳои дунё ва нозу неъматҳои он доимӣ нестанд, эй ошиқи дилбохта, ту муроди худро дар дунё намеёбӣ, нола кун, ки воқеан,ҷойи нолаву зорист.

Маънии байти 11: Эй даъвогари шеъру шоирӣ, ки появу мояи суханат камарзиш аст, ба Ҳофиз чаро рашку ҳасад мебарӣ? Мақбулу писанди ҳамагон қарор гирифтани шеъри ман ва латифу дилнишин сухан гуфтанам аз инояти илоҳӣ аст.